нақш

нақш
[نقش]
а
1. пай, из ва асаре, ки аз чизе бар рӯи чизе мемонад: нақши по
2. гулкорӣ, ки ба коғаз, девор ё ба чизи дигаре кашида мешавад; расм ва сурати касе ё чизе; нақшу нигор гулкорӣ, расму тасвир, ороиши рӯи чизе; нақши бар об маҷ. чизи ноустувор, кори бефоида
3. нав. маҷмӯи кору кирдор ва хислатҳои як шахс, ки аз тарафи ҳунарпеша дар саҳнаи театр ё дар филм таҷассум карда мешавад, рол: нақши касеро бозидан
4. мус. суруди тӯйи арӯсист, ки чандкаса мехонанд; нақши мулло суруди махсусе, ки дар тӯю ҷашнҳо чанд нафар ҳамовоз шуда месароянд: нақши мулло хондан
5. маҷ. мақом, мавқеъ, мартаба; нақш бастан а) боқӣ мондан, асар боқӣ мондан (аз чизе), тасвир ёфтан; б) пайдо шудан, намудор гаштан; нақш ёфтан кашида шудан, навишта шудан; нақш кардан тасвири чизеро кашидан
◊ нақши бар об; нақши обу гил кит., кин. дунё, олам; ҳамчун нақши девор кин. кори беҳуда кардан, бо кори бефоида машғул шудан; нақш бар санг задан кит., кин. пойдор ва устувор кардан
6. маҷ. толеъ, бахт, сарнавишт

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно сделать НИР?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»